Пайвандҳои дастрасӣ

Р.Зоиров ба давлат муросо пешниҳод кардааст


Имрӯз Раҳматуллоҳ Зоиров-раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душаебе ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҳизбаш омода аст, то ҳимояи ҳуқуқии сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғунро дар муқобили даъвоҳои ҷониби Ӯзбекистон дар сатҳи байналмиллалӣ бар дӯш бигирад. Вай гуфт:

"Агар якчанд намояндаи мо ба порлмон гузарад, ҳамин намояндагони ҳуқуқшинос бевосита аз қонунӣ кардани Роғун ва объектҳои дигари энергетикӣ то аз нигоҳи ҳуқуқи байналмиллалӣ асоснок кардани он дар сатҳи байналмиллалӣ машғул мешаванд".

Оқои Зоиров ин нуктаро дар нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон дар шаҳри Душанбе изҳор дошт.
XS
SM
MD
LG