Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтааст, сар аз соли оянда саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ба қиммати 500, 1000 ва 5000 сомонӣ ба фурӯш бароварда хоҳад шуд.

Ҷамшед Шерматов, муовини раиси Оҷонси рушди бозори коғазҳои қимматдори Вазорати молияи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳар шахси воқеъӣ ва ҳуқуқӣ метавонад ин саҳмияҳоро аз бонкҳо ва идораҳои ҳукумати маҳаллӣ харидорӣ намояд. Ба гуфтаи ҷаноби Шерматов, қиммати саҳмияҳо аз сӯи давлат муайян шудааст ва ба арзиши амволи нерӯгоҳи Роғун рабте надорад. Ҳадафи аслии фурӯши ин саҳмияҳо ҷалби сармояҳои дохилӣ ба эҳдоси нерӯгоҳ мебошад.

Ба гуфтаи Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкӣ, дар Тоҷикистон танҳо бозори аввалияи саҳмия, яъне, фурӯши он, вуҷуд дорад, вале бозори муташаккили саҳмия мавҷуд нест, ҳарчанд асосҳои қонунии ин бозор муҳайё мебошад.

Ҷамшед Шерматов, муовини раиси Оҷонси рушди бозори коғазҳои қимматдори Вазорати молия, мегӯяд, саҳҳомони Роғун метавонанд саҳмияҳои худро дар бозори ғайримуташаккил бидуни истифода аз брокеру даллолҳо бифурӯшанд ва ё ба мерос гузоранд ва ҳадя бикунанд.

Коршинос Баҳром Шарифов мегӯяд, саҳмия дар бозори ғайримуташаккил арзиши зиёд надорад ва наметавонад ба саҳҳом суде биоварад. Ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, саҳмия дар сурате ба соҳибаш суд меорад, ки агар он дар бозори муташаккил харидуфурӯш шавад.

Ҷамшед Шерматов, муовини раиси Оҷонси рушди бозори коғазҳои қимматдори Вазорати молия, мегӯяд, ширкати саҳҳомии нерӯгоҳи Роғун саҳмияҳои тиллоӣ низ дорад, ки он дар ихтиёри давлат аст. Гузашта аз ин, саҳмияҳои Роғун барои мардум ва ширкату корхонҳаои дохилии Тоҷикистон аст ва ба шаҳрвандони хориҷӣ фурӯхта намешавад.

Коршиносон мегӯянд, агар дар Тоҷикистон бозори муташаккили саҳмия фаъол нашавад, хариди саҳмияҳои Роғун ҷузъ як ёрии молӣ ба давлат дар бунёди нерӯгоҳ дигар арзише надорад. Танҳо ин ки соҳиби саҳмия метавонад саҳмияҳояшро дар бонки давлатӣ чун гарав барои гирифтани қарз истифода кунад ва ё онро ба касе мерос бигузорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG