Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане ба эҳтимоли зукоми хук дар Хуҷанд даргузашт


Бино ба хабари Маркази беҳдошти вилояти Суғд, шаби 5-ӯм ба 6-ӯми декабр дар бемористони шаҳри Хуҷанд хонум Буранбоева бо нишонаҳои эҳтимолии бемории зукоми хук даргузаштааст. Абдухолиқ Давлатшоев-раиси Маркази беҳдошт ва вогиршиносии вилояти Суғд дар ин бора гуфт, ки онҳо барои ташхиси беморӣ намунаи хуни беморро ба Душанбе фиристодаанд ва рӯзи ҷумъа бояд натиҷаҳои онро бигиранд.Хонум Буранбоева ҳомила ва 30 сол доштааст. Вай аслан зодаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон будааст ва баъд аз шавҳар кардан ба вилояти Суғди Тоҷикистон омадааст.
XS
SM
MD
LG