Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петр Вайл -- суханвари ҷаҳонгашта


Петр Вайл
Петр Вайл

Журналисти маъруф, сайёҳ, файласуф, адабиётшинос ва сардабири Бахши русии радиои Озодӣ, Петр Вайл, пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 61-солагӣ аз ҷаҳон гузашт.

Петр Вайл, ки зиёда аз 20 соли охири ҳаёташ дар Бахши русии радиои Озодӣ кор мекард, ба гуфтаи ҳамкоронаш пеш аз ҳама шахси ҷӯянда буд ва мегуфт, мехоҳад, дунёро бишиносад. Дувум, шахси озодандеш буд ва эътиқод ба ин дошт, ки сухани озод метавонад, дунёро тағйир бидиҳад. Савум, ба таоми миллатҳои гуногун рағбат дошт ва боре палави тоҷикиро чашида, батакрор талаб мекард, тарзи пухтанашро ба ӯ бифаҳмонем.
Ҳамаи ҳамкорон ҳамеша талош мекарданд, Вайл дар барномаи онҳо ширкат кунад. Зеро ин ширкат сифати барномаро баландтар мебардошт ва ба он рӯҳияи зиндаву хурӯшон ворид мекард...

Шавқи ӯ ба ҳама чиз мерасид. Аз сиёсат гирифта, то тамопазӣ ва аз таърихи фарҳангҳо гирифта, то забоншиносӣ. Донишҳои васеъ ва дарёвори ӯ дар риштаҳои мухталиф барояш имкон медод, беҳтарин барномаҳои радиоӣ ба вуҷуд орад, китобҳои мӯшикофона ва рағбатангез нависад, филмҳои диданӣ ба навор бардорад. Ягона чизе, ки Петр Вайлро маҳзун мекард, лаҳзаҳои саёҳат андаруни лифт ва нишастани беҳаракат дар як ҷо буд.

Манзилҳои танг ва тангназариро хуш надошт.

Шояд ба ин сабаб буд, ки натавонист, дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зери назари Кумитаи амнияти давлатӣ ба сар барад ва ба думболи як села аз дигарандешон зиндагӣ дар хориҷаро авлотар донист. Дар Амрико вай ба яке аз дӯстони наздики нависандаи машҳури рус, Сергей Довлатов табдил ёфт.

Аз рӯи китоби охиринаш "Нобиғаи макон", ки дар шабакаи телевизионии RenTV ба силсилаи филмҳои мустанад табдил ёфт, Вайл ҷаҳонгардиро дӯст медошт ва ба бисёре аз гӯшаву канори ҷаҳон сафар кардааст. Вале ӯ на ҳамчун сайёҳ сафар мекард, балки ҳамчун касе, ки мехост, равони маконҳо ва мардумонро дарк кунад. На думболи истироҳату осоиш мерафт, балки аз пайи донишҳову бардоштҳои тоза.

Баҳори соли 1995, Петр Вайл аз ҷанги аввали Русия дар Чеченистон гузориш медод. Аз аввалин ҷумлаҳои ин гузоришҳо шунаванда манзараеро медид, ки Вайл пеши чашмонаш дошт. Сухани радиоии Вайл, сухани тасвирӣ ва манзарасоз аст.

Соли 2005, дар рӯзҳое, ки ин китоби ӯ ба нашр расид, мо ӯро ба барномаи "Ҳамнафас" даъват кардем, зеро иттифоқан дар ин барнома баҳс аз зеботарин шаҳри ҷаҳон буд.

Петр Вайл дар меҳмонии Бахши тоҷикӣ, 27 марти соли 2005.
Вай он вақт чунин гуфт: "Ман дар шаҳри Рига зода шуда, то 28-солагӣ дар он ҷо зистаам ва албатта, муносибати вижае ба ин шаҳр дорам. Ва ба фикрам, дуруст нест, ки ҳар кас шаҳри худро зеботарин номад. Он гуна ки модари кас зеботарин зани ҷаҳон аст. Вале бо ин роҳ мо ба ҳақиқат намерасем. Зеро муносибат ба макон як чизи хусусӣ аст. Ҳақиқат барои ман ин аст, ки зеботарин шаҳри ҷаҳон Венетсия мебошад. Таври маълум ин шаҳр дар рӯи об, дар рӯи ҷазираҳост. Дар он ҷо ягон нақлиёти заминӣ нест. Ё пиёда мегардӣ ва ё дар заврақҳо. Ин сабаб шуд, ки шаҳр тағйир наёфт. Дар он ҷо ягон бинои нав нест. Шаҳр ҳамонгуна аст, ки якуним ҳазор сол пеш буд. Ин таърихи башар аст. Албатта, дар Осиёи Марказӣ бисёр шаҳрҳои қадимтарин мавҷуданд. Аммо дар кӯчаҳо чароғаки роҳро мебинед ва ё симчӯбҳо манзараи онро хароб кардаанд. Дар канори онҳо биноҳои нави гӯгирдмонанд сохта шуданд ва ғайра. Венетсия мисли як рустанӣ сабзид ва хеле табиист, бо вуҷуди он ки дар он ҳамаи навовариҳои фаннӣ ҳастанд. Дигар ин ки ҳар кӯчаи он аз ҳар сӯе нигаред, зебост ва ҳар бор назаргоҳҳои навро кашф мекунед. Ва чунин назаргоҳҳо дар Венетсия бештар аз ҳама шаҳрҳои дигар аст."

Дар корҳои радиоии худ Вайл на танҳо дар ёфтани номи барномаҳо, муҷригии барномаҳои зинда ва гуфтани сархатҳои кӯтоҳу зананда маҳорати беҳамо дошт. Вайл дар пушти садобар ё микрофон на нотиқ, балки як инсони зинда, зирак ва донишманд буд. Ҳамкори ӯ дар Бахши русии Радиои Озодӣ, Иван Толстой, мегӯяд, нақше ки Вайл дар ин барномаҳо гузошт, носутурданист.

Толстой мегӯяд: "Петр на танҳо барномаҳои хабариро муаррифӣ мекард, балки оғозгари барномаҳое монанди "Аз рӯи монеаҳо", "Амрикои имрӯз" ва монанди инҳо буд. Як муддат ӯ барномаи "Қаҳрамонони даврони мо"-ро ба роҳ монд, ки шунавандаи зиёд дошт. Сониян, ҳамаи ҳамкорон ҳамеша талош мекарданд, Вайл дар барномаи онҳо ширкат кунад. Зеро ин ширкат сифати барномаро баландтар мебардошт ва ба он рӯҳияи зиндаву хурӯшон ворид мекард.Ӯ ҳамеша бо ишораҳои пурмаъно, заргарона, бениҳоят боварбахш ва тезутундаш масъалаҳоро шаффофият медод."

Вақте, наздик ба як сол пеш Петр Вайл ба бистари беморӣ афтод, ҷойи ӯ дар ин барномаҳо холӣ монд. Садҳо шунаванда савол медод, ки ӯ куҷост ва чаро садояш намеояд. Ҳамон вақт Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ барои беҳтарин журналистони ҷавон Ҷоизаи ба номи Вайлро дар шакли стипеднияи яксола таъсис дод, ки ҳоло се нафар дар Русия аз он истифода мекунанд.

Вайл, худ чандин ҷоиза гирифтааст, аз ҷумла Ҷоизаи беҳтарин донандаи забони русӣ, ки Ҳукумати Русия ва бунёдҳои фарҳангии русии ҷаҳон таъсис додаанд. Вай мегуфт, дар гӯшаи хаёлаш набуд, журналист ва нависанда шавад. Пас аз хатми мактаби миёна мехост, бинокор шавад. Дар омӯзишгоҳи касбию техникӣ мехонд, ки ӯро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд. Аз ин давраи ҳаёташ ва аз солҳои баъдӣ, яъне таҳсил дар Донишкадаи полиграфии Маскав хотираҳои чандон хуш надошт. Мақомоти амниятии Иттиҳоди Шӯравӣ ӯро дар хондан ва пахши китобҳои мамнӯъ гумонбар дониста, зери назар гирифта буданд.

Дар соли 1977 вай аввал ба Аврупо ва сипас Амрико ҳиҷрат карда, дар ин ҷо ба маҳфили адибони бурунмарзии рус пайваст. Дар Ню Йорк вай ба навиштани мақолаҳо ва достонҳо пардохт ва корманди рӯзномаи русии Амрико "Новое русское слово" шуд.

Вай инчунин узви муассиси Академияи суханварии муосири рус, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои "Иностранная литература" ва "Знамя" буд.

Петр Вайл

Петр Вайл 29-уми сентябри соли 1949 дар шаҳри Рига ба дунё омадаст. Пас аз хатми мактаби миёна мехост, бинокор шавад, вале таҳсил дар ҳунаристонро ба поён набурда, ба аскарӣ хоста шуд ва баъд аз хидмати ҳарбӣ ба факултаи таҳрири Донишкадаи полиграфии Маскав шомил гашта, пас аз ду соли хатми он, дар соли 1977 ба Амрико ҳиҷрат кард. Дар Ню Йорк бо нашрияҳои русӣ ҳамкорӣ кард ва аз соли 1988 корманди Бахши русии Радиои Озодӣ дар Амрико шуд. Соли 1995 ба Прага кӯчид ва аввал ёвари раиси бахшу сипас сардабири барномаҳо таъин гашт.
XS
SM
MD
LG