Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон ба Афғонистон 40 сарбоз мефиристад


Имрӯз намояндагони порламони Арманистон санадеро дар бораи фиристодани 40 сарбоз ба Афғонистон ба тасвиб расонданд. Онҳо дар таркиби нируҳои НАТО дар Афғонистон хидмат хоҳанд кард. Вазири дифоъи Аранистон ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ин сарбозон ба шумули 3 афсар моҳи феврал вориди Афғонистон мешаванд ва зери фармондеҳии нируҳои Олмон фаъолият мекунанд. Ин иқдоми Арманистон дар посух ба дархости Амрико анҷом мегирад. Амрико аз муттаҳидони худ хост барои мубориза бар зидди Толибон дар Афғонистон бояд шумораи нируҳои посдори сулҳ афзоиш ёбад.
XS
SM
MD
LG