Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нисфи Қирғизистон бе барқ мондааст. Сабаб чист?


Имрӯз дар Қирғизистон дар натиҷаи кори нодурусти генераторҳо ё дастгоҳҳои тавлиди барқ интиқоли барқ тақрибан ба нисфи қаламрави ин кишвар қатъ шуд. Мақомоти расмии бахши энержии кишвар гуфтаанд, 2 генераторе, ки соли 1975 дар ниругоҳи барқи обии Токтагул сохта шуда буд, аз кор афтодааст ва мақомот умед доранд, ки ин мушкилро дар зарфи як ҳафта ҳал кунанд. Ин генераторҳо 40 дарсади кишварро бо барқ таъмин мекарданд. Бими он меравад, ки ба сабаби камбуди нируи барқ маҳдудияти бештари истифода аз он ҷорӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки 1-ӯми декабр Ӯзбекистон кишварҳои ҳамсояи худро ба дуздии нируи барқ муттаҳам кард ва аз шабакаи умумии барқрасонии Осиёи Марказӣ хориҷ шуд. Дар Тоҷикистон низ субҳи 9-уми ноябри соли ҷорӣ ба иллати аз кор мондани нерӯгоҳи Норак тамоми Тоҷикистон барои чанд соат аз барқ маҳрум шуда буд. Он вақт ширкати «Барқи тоҷик» ба Радиои Озодӣ гуфт, шабакаҳои энержии Тоҷикистон бо реҷаи худкор ё автономӣ кор мекунад, ба ин сабаб, баробари сард шудани ҳаво нируи барқ дар хати барқи 500-киловолтаи Норак–Регар аз меъёр бештар шуд ва нерӯгоҳҳои рӯйи рудхонаи Вахш аз кор монданд.
XS
SM
MD
LG