Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ шумораи кушташудагон ба 127 нафар расид


Тибқи хабарҳои ахир, дар натиҷаи инфиҷорҳои ба эҳтимоли зиёд ҳамоҳангшуда дар Бағдод шумораи кушташудагон ба 127 нафар ва шумораи афроди маҷруҳ ҳудудан ба 400 нафар расидааст. Дар яке аз ҳамлаҳо дастандаркорон бо мошини бамгузоришуда маркази бинзиндиҳиро дар маҳали Дораи Бағдод ҳадаф қарор додаанд. 4 мошини дигари бамгузоришуда дар маркази шаҳри Бағдод яке пас аз дигарӣ дар фосилаи ҳар як дақиқа ба инфиҷор даромадаанд. Дар ин инфиҷорҳо биноҳои давлатӣ, аз ҷумла ду вазорат, ҳадаф қарор гирифтаанд. Дар 18 моҳи ахир хушунатҳо дар Ироқ дар маҷмуъ камтар шуда буд, вале мақомоти расмии Ироқ ва низомиёни амрикоии мустақар дар ин кишвар аз эҳтимоли афзоиши чунин ҳамлаҳо дар остонаи интихоботи сартосарии моҳи феврали Ироқ ҳушдор додаанд.
XS
SM
MD
LG