Пайвандҳои дастрасӣ

Конфронси мубориза бо ришвахорӣ дар Душанбе


Бино ба хабари дафтари матбуотии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, дафтари ин намояндагӣ дар Душанбе як ҷо бо Ожонси давлатии назорати молӣ ва мубориза бо ришвахорӣ дар шаҳри Душанбе конфронсе баргузор мекунанд. Ин конфронс ба роҳҳои мубориза бо ришвахорӣ ва таъмини росткориву ростқавлӣ барои рушди иқтисодии Тоҷикистон ихтисос хоҳад дошт ва дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ришвахорӣ баргузор мешавад. Аз соли 2001 ба ин сӯ ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ришвахориро хотирнишон мекунанд. Ҳоло дар Муқовиланомаи СММ роҷеъ ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ришвахорӣ 140 кишвар имзо гузоштаанд ва Тоҷикистон яке аз онҳост.
XS
SM
MD
LG