Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори 62 нафар дар бамгузориҳои Бағдод


Пулиси Ироқ мегӯяд, дар як силсила бамгузориҳои имрӯз дар Бағдод дастикам 62 нафар кушта, беш аз 100 нафар маҷруҳ шудаанд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дастикам 5 инфиҷор рух додааст ва сетои он инфиҷори мошинҳои бамгузоришуда будааст. Ба эҳтимоли зиёд ин инфиҷорҳо ҳамоҳангшуда будаанд ва дар ҳар дақиқа яке пас аз дигарӣ рух додааст. Аз 25-ӯми октябр ба ин сӯ баъд аз инфиҷори мошини борбар дар Бағдод, ки 155 нафар кушта бар ҷой гузошта буд, ин бузаргтарин инфиҷор ба шумор меравад. Мақомоти ироқӣ ва нируҳои амрикоӣ ҳушдор додаанд, ки то баргузории интихоботи сартосарӣ дар моҳи феврал имкони афзоиши чунин ҳамлаҳо вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG