Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай аз камбуди сармоя ба Роберт Гейтс шиква кард


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, кишвараш барои таъмини молии артиш ва нируҳои амниятиаш барои 15-20 соли оянда сармоя надорад. Карзай ин суханонро дар як конфронси муштарак бо Роберт Гейтс-вазири дифоъи Амрико баъд аз мулоқоти ҷонибҳо дар Кобул изҳор дошт. Робетр Гейтс бори дигар тааҳҳудоти Амрико дар Афғонистонро таъкид кард. Вай гуфт, Амрико аз Афғонистон рӯй нахоҳад гардонд ва мардумро танҳо нахоҳад гузошт. Роберт Гейт нахустин мақоми расмии Амрикост, ки баъд аз эълони фиристодани 30 000 нируи Амрико ба Афғонистон аз ин кишвар боздид мекунад. Ҳафтаи гузашта Обама эълон кард, ки ба Афғонистон 30 000 ниру мефиристад, вале хуруҷи нируҳои Амрико аз Афғонистон соли 2011 оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG