Пайвандҳои дастрасӣ

Дар инфиҷори Покистон дастикам 12 нафар кушта шуд


Пулиси Покистон мегӯяд, дар натиҷаи инфиҷоре дар маркази шаҳри Мултони ин кишвар 12 нафар ба қатл расида, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи пулис, инфиҷор ба чанд бинои атроф, аз ҷумла ба бинои Ожонси иктишофии Покистон, осеб расондааст. Моҳҳои ахир Покистон аз бамгузориҳову ҳамлаҳои муттаадиди тундравҳои исломӣ зарар дидааст. Тундравҳо дар посух ба амалиёти артиши Покистон бар зидди Толибон дар манотиқи шимоли ғарби Покистон даст ба чунин табаҳкориҳо мезананд. Дар ин табаҳкориҳо садҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд. Рӯзи душане дар Лоҳур дар ду инфиҷор дастикам 48 нафар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG