Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роберт Гейтс вориди Афғонистон шуд


Роберт Гейтс-вазири дифоъи Амрико барои боздид аз Афғонистон вориди Кобул шуд. Вай дар бораи стратегияи нави Амрико дар Афғонистон, яъне фиристодани 30 000 ниру бо мақомоти раҳбарии ин кишвар музокира анҷом медиҳад. Баъд аз эълони стратегияи нави давлати Барак Обама дар ҳафтаи гузашта ин нахустин боздиди мақоми расмии Амрико аз Афғонистон аст. Вай зимни суханони худ бо рӯзноманигорон дар ҳавопаймо дар ҷараёни парвоз ба сӯи Афғонистон гуфт, вай ба Ҳомид Карзай фишор хоҳад овард, то вазирони "росткор"-ро таин кунад. Гейтс ҳамчунин изҳор дошт, вай ба Ҳомид Карзай ва мақомоти дигари Афғонистон хоҳад гуфт, ки Амрико "барои муддати тулонӣ ҳамкори онҳо боқӣ хоҳад монд". Вазири дифоъи Амрико бо фармондеҳони нируҳои Амрико дар Афғонистон низ мулоқот мекунад.

XS
SM
MD
LG