Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал–демократи Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҳизбаш омода аст, ҳимояи ҳуқуқии нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар муқобили даъвоҳои ҷониби Узбакистон дар сатҳи байнулмилалӣ бар дӯш бигирад.

Зоиров ин матлабро рӯзи 8-уми декабр зимни як нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон баён дошт. Нишасти матбуотии Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал–демократи Тоҷикистон, дар иртибот бо ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятӣ ва масоили матруҳа дар ин ҳамоиш, ки ахири ҳафтаи гузашта бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, сурат гирифт. Зоиров аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мақомоти ҳизби сотсиал–демократи Тоҷикистон ба ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ даъват нашуданд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Зоиров, мавзӯъи ширкати мақомоти ин ҳизб дар ин ҷаласа қабл аз баргузории он борҳо бо масъулони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон матраҳ шуда буд. Ин дар ҳолест, ки масъулони Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки дар раъси он президент Раҳмон қарор дорад, иллати даъват нашудани ҳизби сотсиал – демократро ба узви Шӯро набудани ин ҳизб марбут донистанд. Ҳарчанд дар гузашта ҳизби сотсиал–демократи Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ будааст, аммо дар чанд соли пеш аз узвият дар ин созмон даст кашид.

Аммо бо ин ҳам Раҳматулло Зоиров, ба ин мавзӯъ назари дигар дорад, «мо узви Шӯрои ҷамъиятӣ нестем, лекин ин аз моддаи 64 –и Конститутсия болотар намешавад. Агар Президент тибқи моддаи 64 кафили баробарии ҳизбҳои сиёсӣ, яъне амали конститутсия бошад, вай бояд ки бо раисони ҳизбҳои сиёсӣ мулоқот мекард. Аммо вақте, ки баҳона мекунанд, ки онҳо узви Шӯрои ҷамъиятӣ нестанд ва барои ин мо даъват накардем, ман худам чандин бор бевосита ба Нуралӣ Саидов, масъули Шӯрои ҷамъиятӣ ва ҳатто ба дафтари САҲА телефон кардам. Лекин, мавзӯъи ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ «Ҳизбҳои сиёсӣ ва аҳзоби сиёсӣ» унвон дошт, ки ҳамин кофӣ буд барои даъвати мо».

Яке аз мавзӯъҳои матруҳа дар ҷаласаи ахири Шӯрои ҷамъиятӣ бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» буд, ки аз назари Раҳматулло Зоиров, ин тарҳ дар шароити феълии мухолифати кишвари ҳамсояи Узбакистон, ба ҳимояи ҳуқуқӣ дар арсаи байнулмилалӣ ба шиддат ниёз дорад. Чун ба эътиқоди раҳбари ҳизби сотсиал – демократ, Узбакистон ҳатто аз тариқи ворид кардани мутахассисони муҳитзистӣ ба порлумон, ки дар қонуни интихоботи Маҷлиси олии ин кишвар зикр шудааст, талош дорад, бунёди нерӯгоҳи «Роғун»-ро дар сатҳи байнулмилалӣ зери суол бубарад, «дар Узбакистон қарор қабул карда шудааст, ки 15 эколог ҳамчун вакил ба порлумон ворид шаванд. Ин квота, саҳмия аст. Албатта гуфта мешавад, ки онҳо масъалаи Арал-ро низ мебинанд, аммо ҳадафи аслӣ нерӯгоҳи «Роғун» аст. Яъне, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Узбакистон исрор дорад, ки бозрасии байнулмилалии тарҳҳои энержӣ дар минтақа таҳти васояти СММ сурат бигирад, пас ин 15 нафар эколог ба ин масоил машғул хоҳанд шуд.»

Интихоботи порлумонии Узбакистон, қарор аст, охири моҳи ҷорӣ баргузор шавад. Ба ин далел, Раҳматулло Зоиров, омодагии ҳизбашро барои ҳимояти ҳуқуқии нерӯгоҳи «Роғун» дар сатҳи байнулмилалӣ эълом кард ва гуфт, дар ин сурат, беҳтар аст, то ба чанд тан аз намояндагони ин ҳизб, ки ба унвони ҳизби ҳуқуқшиносон дар ҷомеаи Тоҷикистон маъруф аст, имкон дода шавад, дар интихоботи моҳи феврали соли 2010, вориди порлумон шаванд ва бо таъсиси фракисюни ҳуқуқшиносон ё гурӯҳи вакилӣ, ҳимояти ҳуқуқии неругоҳи «Роғун» -ро бар ӯҳда дошта бошад, «намояндагони ҳизби мо дар сурати ворид шудан ба порлумон имконият доранд, ки аз қонунӣ гардондани «Роғун» ва дигар иншооти энергетики Тоҷикистон то асоснок кардани заминаҳои ҳуқуқии он дар сатҳи байнулмилалиро ба ӯҳдаи худ бигиранд».

Зоиров аз он изҳори таассуф кард, ки мутаассифона, то ҳол дар порлумон, дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва давлати Тоҷикистон чунин ҳуқуқшиносоне пайдо нашудаанд, то аз лиҳози ҳуқуқӣ дар арсаи байнулмилалӣ аз нерӯгоҳи «Роғун» дифоъ кунанд. Аммо то куҷо давлат барои пазириши намояндагони ҳизби сотсиал–демократии Тоҷикистон ба порлумон, ки ҳамчун ҳизби мухолиф ба сиёсати давлат маҳсуб мешавад, омода аст ё хайр суолест, ки посухи он ҳанӯз рӯшан нест.

Аз сӯи дигар, раҳбари ҳизби сотсиал –демократи Тоҷикистон низ бар ин назар аст, ки давлат бо эъломи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи «Роғун» аз авоили соли оянда заминаи ҳуқуқии ин иқдомро фароҳам накардааст. Зоиров мегӯяд, саҳмияҳои «Роғун»-ро танҳо дар сурати ғайридавлатӣ ё саҳҳомӣ эълом шудани ин нерӯгоҳ метавон ба фурӯш гузошт. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Зоиров, «Роғун» дар канори нерӯгоҳи «Норак» ва Талко – ширкати алюминии Тоҷикистон аз сӯи порлумони Тоҷикистон дар моҳи феврал моликияти истисноии давлат дониста шуд. Ҳарчанд пас аз лағви қарордоди ҳамкорӣ миёни давлати Тоҷикистон ва ширкати «РусАл»-и Русия, неругоҳи «Роғун» дар ду соле пеш ҳамчун Ҷамъияти саҳҳомии кушода таъсис шуда буд. Ҳамакнун, масъулони вазорати молия мегӯянд, ин нерӯгоҳ Ҷамъияти саҳомии кушода аст, вале тибқи қонун «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», амволи неругоҳи «Роғун» хусусӣ гардонида намешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG