Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вафоти як зан бо эҳтимоли бемории зукоми хук


Маркази беҳдошти вилояти Суғд мегӯяд, як зани 30–солаи ҳомила дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи марказии вилоят бо нишонаҳои бемории зукоми номаълум, эҳтимолан зукоми хук, фавтидааст.

Насиб Икромов, муовини сардори маркази мазкур, гуфт, он зан дар шаби 5 –ум ба 6–уми декабр дар ҳоле ба беморхона бистарӣ карда шуд, ки организмаш аз беморӣ сахт зиён дида, нафасаш танг гашта буд ва дар вай нишонаҳои зукоми номаълум ба мушоҳида мерасид. Н. Икромов афзуд, чун дар вилояти Суғд ташхисгоҳ барои муайян кардани зукомҳои нав вуҷуд надорад, анализҳои зани фавтида барои ташхиси ниҳоӣ ба Душанбе ирсол шуда, то ҳол посухи онро дарёфт накардаанд.

Ин барои бори аввал аст, ки табибони вилояти Суғд аз эҳтимоли гирифтории як сокини ин минтақа ба бемории зукоми хук хабар медиҳанд.

Ба гуфтаи манобеъи ғайрирасмӣ, М. Буранбоева аслан сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон будааст, ки баъди шавҳар кардан ба як сокини вилояти Суғд ба ин маҳал кӯчидааст.

Ахиран, Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, гуфта буд, дар Тоҷикистон 7 нафар: се шаҳрванди Тоҷикистон ва чаҳор шаҳрванди хориҷӣ бо маризии зукоми «04 Калифорния» сабти ном шуданд. Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, ба сомонаи Озодӣ гуфта буд, ин зуком аз зукоми хук фарқ мекунад ва бештар бо истилоҳи зукоми нав маъруф аст.
XS
SM
MD
LG