Пайвандҳои дастрасӣ

Иззат Мирзоев, як мусоҳиби Ояндасоз, мегӯяд, наздики 2 моҳ мешавад, ки аз телефони ҳамроҳи ба истилоҳ «офтобӣ» истифода мекунад ва аслан дар хотир надорад, ки кай охирон бор телефонашро бо қувваи барқ нерӯ додааст.

Иззат Мирзоев аз ҷумла афзуд, ба фарқ аз телефонҳои маъмулии ҳамроҳ, мобайли офтобӣ ҳангоми дар тамос будан қуввашаро аз даст намедиҳад, зеро дар ин вақт шууои офтоб ба батарядон мерасад.

Истифода аз чунин телефонҳоро дар Тоҷикистон ахиран ширкати мухобиротии МЛТ барои муштариёнаш имконпазир кардааст. Яъне ба сокинони кишвар телефонҳое пешниҳод шудааст, ки барои нерӯ додани онҳо аслан истифода аз барқ зарур нест. МЛТ аввалин ширкати байналмилалии алоқаи мобилист, ки бо лоиҳаи хусусияти иҷтимоидошта дар бозор арзи вуҷуд кардааст. Масъулини ширкати МЛТ мегӯянд, роҳандозии лоиҳаи истифода аз захоири энержии алтернативӣ бо назардошти вазъи иҷтимоиву молиявии сокинони кишвар роҳандозӣ шудааст, зеро таҷҳизоти мазкур эҳтиёҷ ба нерӯи барқро кам мекунад.

Азизулло Хайруллоев, cухангӯи ширкати мобилии МЛТ, гуфт, чунин телефонҳо сохти ширкати чинии «ZTE»-янд ва тибқи қарордод ба Тоҷикистон содир мешаванд. Азизулло Хайруллоев афзуд, телефонҳои офтобӣ аллакай дар намояндагии ин ширкат дар кулли манотиқи кишвар ба фурӯш гузошта шудаанд ва хоҳишмандон бар ивази 46 доллар соҳиби чунин телефон мешаванд. Гуфта мешавад, телефонҳои офтобӣ на аз гармӣ, балки аз рӯшноии хуршед нерӯ мегиранд. Ва барои истифодабарандагон кифоя аст, ки муқоваи телефонро, ки ба унвони батареяи офотобӣ истифода мешавад, дар зери рӯшноӣ гузоранд, то қобили истифода шавад. Аммо, ба таъкиди мутахасисиони ин ширкат, феълан, истифодаи чунин телефонҳо танҳо бо симкорти МЛТ имконпазир аст.

Дар ҳоле, ки масъулини ширкати МЛТ, ки роҳандозии телефонҳои офтобиро барои сокинони манотиқи дурудасти кишвар, ки аксаран аз набуди нерӯи барқ ранҷ мебаранд, муҳим арзёбӣ мекунанд, Аброр, як мусоҳиби ҷавони мо, мувафақияти чунин телефонҳоро дар рустоҳои кишвар баъид медонад. Зеро, ба гуфтаи вай, мавҷҳои ин ширкати мухобиротӣ дар аксари минтақаҳои дурдаст қобили дастрас нест .

Бо ин ҳама, коршиносон ба роҳ мондани истифодабарӣ аз нури офтоб барои телефонҳои дастӣ, ки шумори истифодабарандагонаш дар кишвар меафзояд, ниҳоят муҳим медонанд. Зимнан, тибқи иттилои ахири Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, шумори истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ танҳо дар 1 соли ахир 50 дарсад афзудааст ва акнун аз 7 миллион сокини Тоҷикистон 4 миллионаш соҳиби телефонҳои дастӣ будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG