Пайвандҳои дастрасӣ

Раисҷумҳури Амрико Барак Обама аз Туркия барои саҳми “бесобиқааш” дар он кишвар сипосгузорӣ намуд.

Зимни суханронӣ дар Кохи сафед баъд аз мулоқоти маҳрамона бо нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Обама гуфт, сарсупурдагии Туркия дар истиқрори субот дар Афғонистон мусоидат кард. Туркия моҳи гузашта раёсати даврии амалиёти сулҳоварии НАТО-ро дар Кобул бар ӯҳдаи худ гирифта, шумораи афсару сарбозонашро ду баробар бештар намуд. Дар айни ҳол нерӯҳоии низомии Туркия дар он кишвар 1 ҳазору 750 нафарро ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди ин Истамбул аз фиристодани сарбозонаш ба амалиётҳои ҷангӣ саркашӣ мекунад.

Ҳафтаи гузашта Обама амр намуд, ки ба Афғонистон боз 30 ҳазор афсару сарбози иловагии амрикоӣ фиристода шавад. Мақомоти Кохи сафед изҳори умедворӣ мекунанд, ки ҳампаймононашон аз эътилофи байналмилалӣ боз 10 ҳазор нерӯи худро изофа менамоянд. Раҳбари Амрико дар мавриди ҳамлаҳои террористие, ки ба тозагӣ дар Туркия анҷом шудаанд, ҳамдардиашро баён намуда, гуфт, раҳбарони ду кишвар бори дигар такрор намудаанд, ки алоқаманданд, то терроризмро дар ҳар куҷое, ки он пайдо нашавад, шикаст диҳанд.

Бар асари ҳамлае дар қисмати марказии Туркия ҳадди ақал панҷ сарбози туркӣ ба ҳалокат расид ва чанд нафари дигар маҷрӯҳ шуд. Ҳукумат ҳувияти ҳамлагаронро мушаххас накард, аммо дар ин минтақа ҷангиёни курдӣ ва аҳзоби чапгаро фаъолият мекунанд.

Вохӯрии раҳбари ду кишвар дар ҳоле баргузор шуд, ки нуфузи Туркия дар Ховари Миёна ва Аврупои Марказӣ афзоиш меёбад. Қабл аз тарки Вашингтон Эрдуғон гуфт, кишвараш шумораи зарурии сарбозонашро ба Афғонистон фиристодааст ва низомиён ва пулиси туркӣ ҳамтоёни афғониашонро тамрин хоҳанд дод. Вай инчунин гуфт, Туркия дар барномаҳои марбут ба маориф, беҳдошт ва иҷтимоӣ саҳм мегирад.

Ширкати Туркия дар амалиёти Афғонистон нақши бесобиқаи рамзӣ дорад, чунки ин ягона кишвари исломиест, ки дар мубориза алайҳи шӯришиёни Толибон бо артиши Амрико ҳамкорӣ ва нақши муқаддаси ал-Қоидаро инкор мекунад. Бо вуҷуди ин, дар мавзӯъҳои фаротар Вашингтон мехоҳад Туркия ба ҳайси ҳампаймони асосии мусалмони Амрико эътибори қудрати минтақавии худро барои ҳалли баъзе мушкилиҳои сиёсати хориҷии ИМ истифода барад.

Аммо ду ҷониб дар масъалаҳои муҳими зиёд ихтилофи назар доранд. Туркия мехост дар муносиботи Эрон ва кишварҳои араб нақши миёнравро иҷро кунад, аммо ҳоло рӯшан нест, ки оё ҳукумати Обама инро мехоҳад ё не. Ду ҷониб дар мавриди эъмоли таҳримҳо болои Эрон низ ихтилофи назар доранд. Илова бар ин, кобинаи Обама аз баҳси Исроилу Туркия нороҳат аст. Бо афзоиши фишори Кохи сафед ба Эрон бо даъвати хотима бахшидан ба балндпарвозиҳои ҳастаиаш, ихтилофҳо бо Анкара бештар мешавад. Туркия дар айни замон узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ мебошад ва Амрико бо даъвати тақвияти таҳримҳо алайҳи Теҳрон Анкараро маҷбур мекунад, ки миёни НАТО ва ҳамсоякишвари муҳимаш интихобе кунад.

Мавзӯъи куштори дастикам яку ним миллион арманӣ замони ҷанги якуми ҷаҳонӣ аз ҷониби туркҳои усмонӣ мушкили дигар аст. Зимни маъракаи интихоботиаш Обама ваъда дода буд, ки ин ҳодисаро ҳамчун қатли ом эътироф кунад, аммо дар айни замон раҳбари Амрико аз истифодаи ин истилоҳ худдорӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG