Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи мушакӣ ба Ал-Қоида ва Толибон


Як ҳавопаймои бидуни сарнишин, ки мутаалиқи Амрико медонанд, ба як маҳалли паноҳгоҳи Ал-Қоида ва Толибон дар Покистон мушак андохтааст. Ба гуфтаи мақомоти Покистон, дар ин ҳамла, ки субҳи сешанбе дар вилояти Вазиристони Ҷанубӣ сурат гирифтааст, дасти кам се ҷангҷӯ кушта шудаанд. Ин вилояти қабиланишини Покистон бо Афғонистон ҳаммарз аст. Ҳавопаймоҳои бидуни сарниши Амрико тайи соли гузашта даҳҳо маротиба ба манотиқи қабоилнишини Покистон мушак андохтаанд.
XS
SM
MD
LG