Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми ИМА барои коҳиши партоби газҳои гӯлхонаӣ


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои коҳиши партоби газҳои гӯлхонаӣ иқдоми наве рӯи даст гирифт. Оҷонси ҳифзи муҳити зисти Амрико, эълом кард, ки газҳои гӯлхонаӣ барои сиҳатии инсон хатарнок аст ва акнун ин оҷонсӣ иҷоза дорад, партоби шаш гази олудакунандаи ҳаво, аз ҷумла гази карбонро назорат кунад. Як рӯз пеш аз ин эъломи Амрико, дар шаҳри Копенҳаген ҳамоиши азими байналмилалӣ дар мавриди тағйири иқлим ифтитоҳ ёфт. Зимни суханронӣ дар ҳамоиш Раҷендра Пачаурӣ, раҳбари гурӯҳи донишмандон аз Созмони Милал, ба намояндагони 200 кишвари дунё гуфт, бояд чора андешид, то аз тӯфону обхезӣ ва обшавии яхистонҳои Греландия ҷилавгирӣ шавад: " Далелҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳон аз тадбирҳои фаврӣ манфиати зиёд хоҳад бурд ва таъхир дар ин амр, зиёнҳои зиёди иқтисодиву инсонӣ хоҳад дошт." Ларс Локке Расмуссен – нахуствазири Дания, дар ҳамоиш, ки то 18 декабр идома хоҳад кард, гуфт, қабули аҳдномаи байналмилалии мубориза бо гармоиши курраи Замин дар ин нишаст имконпазир аст. Ҳайъати Тоҷикистон ҳам дар ин ҳамоиш ширкат меварзад.
XS
SM
MD
LG