Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Амрикову Бритониё аз ҳукумати Эрон


Амрико ва Бритониё аз бархӯрдҳои тозаи миёни нерӯҳои пулис ва тазоҳургарон дар Эрон ибрози нигаронӣ кардаанд. Шоҳидони айнӣ, мегӯянд, пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон дар чанд гӯшаи Теҳрон, ки шиорҳои зиддиҳукуматӣ медоданд, аз гази ашковар ва калтак истифода кардаанд. Бино ба гузоришҳо, баъзе аз тарафдорони мухолифинро ҳам дастгир кардаанд. Ян Келлӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, “таъқиби мудавому боздоштҳои худсарона ва маҳкум намудани тазоҳургарони осоишта” нишондиҳандаи нодида гирифтани ҳуқуқи инсон дар Эрон аст, ки дар Қонуни Асосии он кишвар низ сабт шудааст. Дейвид Миллибанд – вазири умури хориҷаи Бритониё, аз Эрон хост, ба гуфтаи вай, мардуми худро “нафасгир” накунад.
XS
SM
MD
LG