Пайвандҳои дастрасӣ

Фасод дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, фардо 9 –уми декабр дар шаҳри Душанбе ҳамоише дар мавриди фасод дар кишвар баргузор мешавад, ки ба гуфтаи худи мақомот ба “расм” табдил шудааст. Конфронси мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия аст, ки Созмони Милал онро рӯзи 9 декабр эълом кардааст. Агарчӣ Тоҷикистон ба Эъломияи байналмилалии мубориза алайҳи коррупсия пайвастааст, аммо созмонҳои байналмилалӣ талошҳои ҳукумат барои мубориза бо ин зуҳурот дар Тоҷикистон нокофӣ медонанд. Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ аввали ҳамин моҳ гуфт, фасоду ришвахорӣ ва дигар навъҳои коррупсия дар Тоҷикистон дар соли равон афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG