Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Ироқ хост, рӯзи интихоботро таъйин намояд


Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Ироқ хост, “ҳарчӣ зудтар” рӯзи интихоботи порлумониро таъйин кунад, ки он корзори сиёсиро як қадами фавқуллода муҳим дар роҳи таҳкими демократия дар Ироқ медонанд. Шаби якшанбе, вакилони ироқӣ қонуни деринтизореро тасвиб кардаанд, ки меъёрҳои баргузории интихобот ва таркиби порлумони Ироқро мушаххас намудааст. Акнун шӯрои раёсати ҷумҳури Ироқ, иборат аз раиси ҷумҳур Ҷалоли Толибонӣ ва ду муовинаш бояд рӯзи интихоботро эълом намоянд. Як мақоми Кумиссиёни мустақили интихоботи Ироқ гуфтааст, ки онҳо рӯзи 27 февралро барои баргузории интихобот пешниҳод кардаанд, ки ин сана ҳам ба гуфтаи намояндагии Созмони Милал дар Ироқ, "муносиб" будааст.
XS
SM
MD
LG