Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи Маркази журналистикаи изтирории Русия


Маркази журналистикаи изтирории Русия барандаи ҷоизаи байнулмилалии “Шаҳри Сиена – Иттилоъ, амният ва озодӣ” эълон шуд. Ин ҷоиза аз соли 2000 ба ин сӯ барои саҳми бузург дар бахши дифоъ аз озодии баён дар кишварҳои гуногун супурда мешавад. Ҷоизаро ҳукумати шаҳри Сиенаи Италия ва Анҷумани дифоъ аз хабарнигорони Флорентсия “Иттилоъ, амният ва озодӣ” таъсис кардаанд. Аз ин пеш ин ҷоиза ба хабарнигорон аз Боснӣ, Афғонистон, Эрон, Ироқ ва Исроил эҳто шуда буд.
Ба Маркази журналистикаи изтирории Русия хабарнигори тоҷикистонӣ Олег Панфилов сарварӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG