Пайвандҳои дастрасӣ

Мири Кобул дар фасод муттаҳам шуд


Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки мири шаҳри Кобул дар фасод муттаҳам ва барои чаҳор сол маҳкум ба зиндон шудааст. Фазл Аҳмад Фақирёр, намояндаи Додситонии кулли Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мири пойтахт Мир Абдул Аҳад Соҳибӣ аз мақомаш барканор ва барои ҳабси ӯ амр содир шудааст. Мири Кобул дар ин мурофиаи додгоҳӣ ширкат надошт ва, ба гуфтаи Фақирёр, мақомоти амниятӣ бояд ӯро боздошт ва равонаи зиндон кунанд.
Мир Абдул Аҳад Соҳибӣ нахустин мақоми олирутба дар Афғонистон аст, ки дар чаҳорчӯби талошҳои ҳукумати нави Ҳомид Карзай барои аз беху бун баркандани фасод, маҳкум ба зиндон шудааст.
XS
SM
MD
LG