Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки ҷаҳонӣ: Теъдоди фақирон афзоиш хоҳад ёфт


Бӯҳрони ҷаҳонии молӣ теъдоди афроди фақир дар Аврупо ва Осиёи Марказиро дар соли оянда назар ба пиндошт 10 миллиону 600 ҳазор бештар хоҳад кард. Дар ин бора дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ иттилоъ дода шудааст, ки ахиран дар шаҳри София, пойтахти Булғористон, муаррифӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки Бонки ҷаҳонӣ пешгӯиҳои қаблии худ дар мавриди теъдоди афроди фақир бар асари бӯҳронро бознигарӣ кардааст. Агар пештар ҳадс зада мешуд, ки теъдоди ин афрод каме бештар аз 120 миллион нафар хоҳад буд, пас, тибқи пешгӯиҳои нав соли оянда беш аз 153 миллион нафар гирифтори фақр хоҳанд шуд. Тақрибан 20 дар сад аз мардуми Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки аз соли 1998 то соли 2006 аз қашшоқӣ берун шуда буданд, дубора ба гирдоби фақру нодорӣ меафтанд. Гуфта мешавад, ки вазъ ба вижа дар Молдова, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон сангин хоҳад шуд, зеро маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони корӣ аз ин кишварҳо ба карат коҳиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG