Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд ба Душанбе пешниҳоди музокирот накардааст


Мақомоти Узбакистон то ҳол ба ҳукумати Тоҷикистон дар бораи шурӯъи музокирот оид ба эҳёи фаъолияти ҳамзамони шабакаҳои таъмини нерӯи барқи ду кишвар пешниҳоде накардаанд. Дар ин бора ширкати “Барқи тоҷик” ба хабаргузории “Азия плюс” иттилоъ додааст. Аз ин пеш хабаргузории Регниуми Русия бо ишора ба манобеъи худ дар ҳукумати Узбакистон навишта буд, ки Тошканд омода аст бо Душанбе дар мавриди эҳёи фаъолияти шабакаҳои таъмини нерӯи барқи ду кишвар гуфтушунид кунад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, раиси дафтари матбуоти ширкати “Барқи тоҷик”, гуфтааст, Узбакистон бо вуҷуди изҳороти расмияш аз шабакаи воҳиди таъмини нерӯи барқи Осиёи Марказӣ берун нашудааст – Тошканд дар ин бахш ҳамкорӣ бо Қазоқистону Қирғизистонро идома медиҳад ва фақат ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро қатъ кардааст. Ба гуфтаи Ёдгорӣ, ин омил дар роҳи воридоти нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Узбакистон мушкил эҷод кардааст.
XS
SM
MD
LG