Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози ҳамоиши ҷаҳонии тағйири иқлим


Дар даромадгоҳи толори анҷумани Копенҳаген намоише зидди гармоиши ҷаҳонӣ баргузор шудааст.

Дар даромадгоҳи толори анҷумани Копенҳаген намоише зидди гармоиши ҷаҳонӣ баргузор шудааст.

Намояндагони 192 давлати ҷаҳон дар Копенҳаген гуфтушуниди 12-рӯзаи марбут ба тағйири иқлимро шурӯъ карданд. Манзур ёфтани роҳҳои пешгирӣ аз гармоиши ҷаҳонист, ки ба қавли олимон, метавонад, сабаби фалокатҳои бузург гардад.

Конфаронси Созмони Милал дар масъалаи тағйири иқлим дар Копенҳаген бо садои сурудхонии кӯдакон оғоз гирифт. Ин садои умедбахши оғози гуфтугӯ дар байни 192 кишвари ҷаҳон буд.
Конфаронси Копенҳаген замоне муваффақ хоҳад буд, ки сар аз поёни худ ба амалҳои фаврӣ оғоз ниҳад...

Муҳимтарин интизорӣ аз анҷумане, ки қарор аст, 12 рӯз давом кунад, дарёфти роҳи коҳиши бухорҳои гулхонаист, ки аҳли башар ба ҳаво мефиристад. Барои таъкиди аҳамияти масъала сарони 100 давлати ҷаҳон гуфтаанд, нақша доранд, дар рӯзҳои ниҳоии кори конфаронс ширкат варзанд.

Дар ин байн наздик ба 15 000 узви ниҳодҳои илмӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва гурӯҳҳои манфиатдор бевосита ё бавосита дар анҷумани Копенҳаген ширкат доранд. Мизбони анҷуман, сарвазири Дания, Лрас Лок Расмуссен ба вакилон гуфт: "Хуш омадед ба ду ҳафта иҷлосе, ки мушкилтарин корро бояд бикунад. Яъне тасмими мураккаб, вале заруриро бигирад, ки чӣ гуна мешавад, ҳоло ба масъалаҳои рӯзафзуни оянда расидагӣ кард."

Сарони ҷаҳон ҳадафро, ба сурати умум, пазируфтаанд. Дар зери 2 дараҷаи Селсия нигоҳ доштани гармоиши ҷаҳонӣ дар даҳсолаҳои оянда. Ин, ба ақидаи олимон аз ояндаи фалокатбор, ки дар ҳоли афзоиши баробар бо 3 дараҷаи Селсия ба вуқӯъ хоҳад пайваст, пешгирӣ мекунад. Онҳо мегӯянд, танҳо 1 дараҷаи Селсия боло рафтани гармӣ сабаби об шудани пиряхҳову яхистонҳои қутбӣ ва зери об мондани шаҳрҳои соҳилӣ хоҳад шуд.

Дар ҷойҳои дигар ин ҳолат ба тӯфону хушксолҳо сабаб мегардад.

Олимон бухорҳои карбонатиро шикофандаи пардаи ҳифозатии атмосфераи Замин ва афзоиши гармии офтоб меноманд. Ин бухорҳо аз фаъолиятҳои саноатии инсон ба вуҷуд меоянд ва ин фаъолиятҳо аз сӯи дигар мояи рушди иқтисодӣ мебошанд.

Бархе аз кишварҳои ҷаҳон ба таври довталабона коҳиши чунин бухорҳоро аз ҷониби худ ваъда доданд ва Протоколи Киото меъёрҳоеро барои давлатҳо муқаррар карда буд.

Аммо раиси маҳфили байнидавлатии тағйири иқлим дар Созмони Милали Муттаҳид, Раҷендра Пачаурӣ дар ифтитоҳи конфаронси Копенҳаген гуфт: "Ин конфаронс бояд чораҳои сармоягузорӣ ба барномаҳоио мусоидатро дар бархе аз осебпазиртарин нуқоти олам ба роҳ монад. Ин конфаронс ҳамчунин бояд ба амалкардҳои густардаи коҳиши бухорҳо роҳ кушояд."

Муассисони анҷуман аз ваъдаҳои ду тавлидкунандаи бузурги бухорҳо -- Чин ва Иёлоти Муттаҳида илҳом гирифтаанд. Ва мақсадҳои ҳамоиш дар бисёре аз кишварҳо аз пуштибонии мардумӣ бархӯрдор аст.

56 рӯзнома аз кишварҳои гуногун як сармақолаи муштаракро ба табъ расонданд, ки ҳамагонро ба ҳифзи ояндаи сайёраи Замин даъват мекунад. Афроди алоҳида низ аз ҳамоиши Копенҳаген умедҳои зиёд доранд. Сокини Пекин, Вай Ксяоҳуй мегӯяд: "Ман умедворам, ки аз тариқи ин нишаст пешниҳодҳои муҳиме ба иҷро хоҳанд расид. Набояд ингуна бишавад, ки монанди бисёре аз ҳамоишҳо сухани зиёде бигӯянд, пешниҳоди зиёде бикунанд, вале бе ягон натиҷаи мушаххас пароканда шаванд. Он гоҳ ин як исрофи вақте нерӯ хоҳад шуд."

Зоҳиран, ин нкутаро ташкилкунандагони конфаронси Копенҳаген низ бу хубӣ дарк мекунанд. Иво де Боер, дабири иҷроии таҳияи қатъномаи тағйири иқлим дар СММ мегӯяд: "Конфаронси Копенҳаген замоне муваффақ хоҳад буд, ки сар аз поёни худ ба амалҳои фаврӣ оғоз ниҳад."

Бархе аз вакилон бо ҳавопаймо ё мошин ба Копенҳаген наомадани худро намунаи амалкарди мушаххас номиданд. Вале аксарияти онҳо дар лимузинҳои гаронбаҳо дар Копенҳаген ҳаракат мекарданд ва ин нишон медиҳад, ки тарки одат, агар зери таҳдиди тағйири иқлими ҷаҳонӣ амри муҳол набошад ҳам, хеле мушкил аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG