Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Нигоҳ» ҳар рўз як саҳмия хоҳад харид


Ҳафтаномаи «Нигоҳ» эълон кардааст, ки ҳар рўзи корӣ як саҳмияи ҷамъияти саҳҳомии нерӯгоҳи «Роғун»-ро харидорӣ мекунад.

Ба гуфтаи масъулини ҳафтаномаи «Нигоҳ», раёсати созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» пешниҳоди ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Нигоҳ»-ро ба назар гирифта, ҳамин қарорро қабул кардааст.

Саймиддин Дўстов, раиси созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ», ки муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» мебошад, гуфтааст: «Истиқлоли энергетикии Тоҷикистон ба мавқеъгирии ҳар як шаҳрванди кишвар сахт вобастагӣ дораду ҳар фарди ватандўст бояд дар ин лоиҳаи барои давлатдории миллии тоҷикон тақдирсоз саҳм бигирад. Мо ҳамчунин хуб дарк мекунем, ки аз иштирок дар ин лоиҳа, мо минбаъд метавонем фоидаи хуби молӣ ҳам ба даст орем».

Ҷаноби Дӯстов мегӯяд, созмонаш омодааст, ки на танҳо ҳар рўзи корӣ як адад саҳмияи «Роғун»-ро бихарад, балки ба харидани саҳмияҳои «Сангтўда-1» аз дасти дуввум низ бипардозад.

Ба гуфтаи Саймиддин Дӯстов, рўзҳои наздик созмони «ИНДЕМ» тарҳи нави миллиеро бо номи «Саҳҳомони мардумии Тоҷикистон» амалӣ хоҳад кард, ки «ҳадаф аз пиёдасозии он ҷалби сармоя ба сохтмони «Рогун» ва пуштибонӣ аз манфиатҳои саҳҳомони мардумӣ дар дохили кишвар мебошад.»

Созмони ҷамъиятии «Информатика барои демократия ва рушди миллӣ» («ИНДЕМ») соли 2002 чун созмони хайрия ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон таъсис шудаааст. Он алҳол аз се зерсохтор иборат аст: Идораи ҳафтаномаи мустақили «Нигоҳ», Оҷонсии тадқиқоти журналистӣ ва Оҷонсии иттилоотии «ТojNews».
XS
SM
MD
LG