Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО бори дигар аз тасмими Обама пуштибонӣ хоҳад кард


Имрӯз намояндагони вазоратҳои дифоъи 28 кишвари узви Паймони НАТО дар Белгия ҷамъ меоянд, то пуштибонии худ аз тасмими ИМА барои интиқоли 30 ҳазор афсару сарбози иловагӣ ба Афғонистонро иброз доранд. Интизор меравад, ки раҳбарони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви НАТО тасмими қаблан эълоншуда дар бораи интиқоли ҳафт ҳазор низомӣ ба Афғонистонро тайид кунанд. ИМА аз ҳампаймонҳояш хостори ба Афғонистон фиристодани даҳ ҳазор афсару сарбоз шуда буд.
Охири ҳафтаи гузашта Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Паймон дар Брюссел изҳор карда буд, баъд аз конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон теъдоди кишварҳое, ки барои мубориза бо "Ал-Қойида" ва ҷунъиши "Толибон" дар Афғонистон нерӯҳои иловагӣ интиқол медиҳанд, афзоиш хоҳад ёфт. Қарор аст ин нишаст моҳи январ дар Лондон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG