Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши теъдоди қурбониёни оташсӯзӣ дар Перм


Теъдоди қурбониён бар асари оташсӯзӣ дар тарабхонаи шаҳри Перми Русия ба 113 нафар расид. Ба иттилоъи расмӣ, имрӯз як зани ҷавон бар асари ҷароҳатҳои бардошта аз олам даргузашт. Гуфта мешавад, беш аз сад нафаре, ки дар ин ҳодиса ҷароҳатҳои сангин бардоштаанд, ба бемористонҳои шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Челябинск интиқол дода шуданд.
Сӯхтор дар тарабхонаи “Хромая лошадь” шаби шанбе бар асари оташбозӣ рӯх дод. Айни ҳол чанд нафар, аз ҷумла, раиси тарабхона, раиси бахши ҳунарии он, соҳиби бино ва масъули оташбозӣ боздошт шудаанд.
Имрӯз ба хотири қурбониён дар ин сӯхтор дар Русия рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG