Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи нокоми раисиҷумҳур дар Молдова


Парлумони Молдова боз ҳам ба интихоби раисиҷумҳур муваффақ нашуд – ба номзади ягона, раиси Ҳизби демократ Мариан Лупу, барои соҳиб шудан ба ин мақом 8 раъй нарасид. Имрӯз ҳам вакилон аз фраксияи Ҳизби коммунист дар парлумони Молдова аз ширкат дар интихоби раисиҷумҳур сарпечӣ карда ва аз толор берун рафтанд.
Акнун, тибқи қонун, бояд парлумони Молдова пароканда ва дар кишвар интихоботи нави парлумонӣ доир шавад. Ҳадс зада мешавад, ки интихоботи нав шояд охири соли оянда баргузор шавад. Ва аммо раиси парлумони Молдова Михай Гимпу имрӯз изҳор намуд, ки раисиҷумҳур ҳатман интихоб хоҳад шуд ва ба интихоботи нав ниёзе боқӣ нахоҳад монд.
Ёдовар мешавем, аз ин пеш ҳам талоши дар маснади сарвари кишвар интихоб кардани Мариан Лупу дар иҷлосияи рӯзи 10 ноябр ноком поён ёфта буд.
XS
SM
MD
LG