Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Теҳрон намоиши мухолифинро пароканда кард


Полиси Теҳрон ба хотири пароканда кардани тазоҳуроти зиддиҳукуматии мухолифин дар майдони марказии шаҳр аз гази ашковар ва калтак истифода кардааст. Дар ин бора шоҳидони ҳодиса ба хабаргузориҳои хориҷӣ иттилоъ додаанд. Ва аммо ин иттилоъ аз дигар манбаъҳо таъйид нашудааст, зеро мақомот ҳузури хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар маҳали намоишҳоро манъ кардаанд. Аз ин пеш хабар расида буд, ки кормандони полис ба хотири ҷилавгирӣ аз тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ донишгоҳи Теҳронро муҳосира кардаанд.
Ҳар сол рӯзи 7 декабр дар Эрон аз се донишҷӯе ёдоварӣ мешавад, ки замони қудрати шоҳ дар соли 1953 кушта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG