Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садоратҳои вилоятии ҲНИТ ва ҲСДТ бо пахши як баёния дар Хоруғ аз КМИР ва мақомот даъват ба амал оварданд, ки аз табдили муассисоти маориф ба майдони талошҳои пешазинтихоботӣ ҷилавгирӣ кунад.

Ба гуфтаи намояндагони аҳзоб, дар Бадахшон зиёда аз 300 мактаб фаъолият дошта, одатан аксари кулли қитъаҳои раъйдиҳӣ дар ин муассисот ҷой дода мешаванд. Намояндагони ин аҳзоб изҳор доштанд, ки сиёсикунонии соҳаи маориф таҳти фишори мақомот боиси коҳиши сифати таълиму тарбия дар онҳо шудааст. Ба гуфтаи раиси ҳизби сотсиал-демократ Алим Шерзамонов, бинобар сафарбаркунии хонандагон ба ҳар гуна маъракаҳои сиёсӣ ва интихоби саҳни макотиб барои қитъаҳои раъйдиҳӣ ва ҷалби омӯзгорон ба кори комиссияҳои интихоботӣ соҳаи маъориф ба сиёситарин ниҳоди кишвар табдил гардидааст.

Муовини раиси ҳизби назҳат Сабзалӣ Мамадризоев аз пайомадҳои ногувори дигар барои муассисоти таълимии Бадахшон дар интихоботи қаблӣ ёдовар гардид. Вай гуфт, «макотиб макони тарбияи насл дар рӯҳияи ростқавлӣ ва эҳтиром ба қонун шуморида мешаванд, вале ҳангоме ки омӯзгор таҳти фишори мақомот дар интихобот даст ба тақаллубкорӣ мезанад, ин ҳолат ба коҳиши нобоварии волидайн ва хонандагон нисбат ба омӯзгор мешавад.»

Вай ҳамчунин гуфт, пас аз эъломи натиҷаи интихоботи қаблӣ дар бархе аз навоҳӣ мавҷи барканории мудирони макотибе, ки руассои комиссияи қитъавӣ таъин шуда, вале дар ин ҳавзаҳо намояндагони аҳзоби мухолиф овози бештареро гирифтанд, шурӯъ шуда буд ва бар асари он иддае аз мутахассисони варзидаи соҳа «қурбони сиёсат» гардидаанд.

Раиси вилоятии ҲСДТ хонаҳои фарҳангӣ ва клубҳоро ҷойи беҳтар барои таъсиси қитъаҳои раъйдиҳӣ мешуморад. Аммо муовини раиси ҲХДТ Абдуласейн Худоиев мегӯяд, ҷиҳати тахрибшавии бештари клубу хонаҳои фарҳангӣ дар маҳалҳо ва набуди шароити гармкунии онҳо макотиб барои қитъаҳои раъйдиҳӣ ҷойи аз ҳама муносиб боқӣ мемонад. Вай мавҷудияти ашхоси босаводро дар макотиб, ки ба гуфтааш, протоколи раъйдиҳиро пур карда метавонанд, яке аз омилҳои дигари ҷалби макотиб ба интихобот ном бурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG