Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ парвандаи афви Зардориро бозрасӣ мекунад


Имрӯз дар Додгоҳи Олии Покистон бозрасии парвандаи афви раисиҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ ва ҳаммаслакони ӯ ва лағви иттиҳоми фасоду ришват дар баробари онҳо шурӯъ мешавад. Ин афв соли 2007, замони қудрати раисиҷумҳури пешин Парвиз Мушарраф, эълон шуда ва аз он Вошингтон истиқбол карда буд. Ҳадаф аз ин иқдом – иҷозаи вуруди Беназир Бҳутто, сарвазири собиқ ва ҳамсари Зардорӣ, ба Покистон буд. Баъд аз бозгашт ба ватан хонум Бҳутто бар асари як ҳамлаи террористӣ кушта шуд ва соли гузашта шавҳари ӯ Осиф Алӣ Зардорӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пирӯзӣ ба даст овард. Зардорӣ ҳамчун сарвари ҳукумат аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ бархурдор аст ва аммо лағви афви соли 2007 дар маснад боқӣ мондани ӯро зери суол хоҳад буд. Осиф Алӣ Зардорӣ аз сӯи Вошингтон пуштибонӣ меёбад ва аммо рейтингаш дар Покистон ҳамчун сиёсатмадор пойин аст.
XS
SM
MD
LG