Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 кас дар як ҳамла дар Пешовар


Бар асари як ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Пешовари Покистон панҷ кас кушта ва 49 нафар маҷрӯҳ шуданд. Инфиҷор дар даромадгоҳи бинои додгоҳи шаҳр рӯх дод. Маргталаб ҳангоми талоши вуруд ба бино аз сӯи муҳофизон нигаҳ дошта шуд ва ин лаҳза ӯ худро тарконид. Муассисаҳои ҳукуматии Покистон пайваста мавриди ҳамла қарор мегиранд, ду ҳафта пеш дар ҳамин гуна як ҳамла 19 нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG