Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Минаҳои Узбакистон барчида намешаванд”


Маркази минрӯбии Тоҷикистон мегӯяд, иҷоза шудааст, то ин кишвар боз даҳ соли дигар барои поккории минаҳо дар қаламраваш идома диҳад.

Тоҷикистон баъд аз даргириҳои солҳои навадуми қарни гузашта, ки аксари минтақаҳо дар кишвар минкорӣ шуда буданд, бо хатари мина рӯ ба рӯ шуд ва танҳо аз соли 2004 барномаи поккории минаҳо оғоз ёфт.

Маркази минрӯбии Тоҷикистон мегӯяд, дар идомаи панҷ соли амалисозии ин тарҳ, ҳудуди 900 маҳалро таҳқиқ ва бештар аз 2 миллион метри мураббаъ заминро аз минаҳо пок кардаанд. Вале, ба гуфтаи онҳо, ҳанӯз ҳудуди 17 миллион метри мураббаъ аз қаламрави кишвар таҳти хатари минаҳо боқӣ мондааст, ки ба ҷони садҳо сокини осоишта таҳдид мекунад.

Аммо оё имкон дорад, ки минтақаҳои минакоришудаи кишвар то даҳ соли дигар тозакорӣ шаванд? Ҷавоби ин суолро аз Парвиз Мавлонқулов, муовини маркази минрӯбии Тоҷикистон пурсидем:

Парвиз Мавлонқулов: Хуб аст, ки мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳои давлати Тоҷикистон мувофиқи моддаи 5-и Конвенсиюни Оттава аз ҷониби давлатҳо ва аъзои ин конвенсиюн пазируфта шуд. Яъне, ба Тоҷикистон иҷозат дода шуд, ки то соли 2019 ба иҷрои ӯҳдадориҳояш дар мавриди поккории минаҳо идома диҳад.

Мувофиқи таҳлил ва баррасии мутахассисони маркази минрӯбӣ мӯҳлати даҳ сол кофӣ аст. Дар ин даҳ соле, ки талаб карда шудааст, поккории минаҳо дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва водии Рашту Тавилдара нишон дода шудаанд. Аммо ин дархост масъалаи поксозии минаҳо дар марзи Тоҷикистону Узбакистонро дар бар намегирад.

Радиои Озодӣ: Мушкил чист, ки ин ҷо талабҳои Шумо дар масъалаи поккории минаҳо дар марзи Тоҷикистону Узбакистон гуфта нашудааст?

Парвиз Мавлонқулов: Барои он ки ҳангоми таҳия намудани талабнома барои тамдид кардани ӯҳдадориҳои Тоҷикистон масъалаи поксозии марзи Тоҷикистону Узбакистон аз минаҳо ҳал нашуда буд. Тавре медонед, ин мавзӯъ мавзӯъи хеле ҳассос аст. Ва он бо ризоияти ду кишвар ҳал мешавад. Ҳоло ҳам поксозии минаҳо дар ин минтақа номуайян аст. Ҳарчанд,ки марз тахминан 97 дарсад делемитатсия карда шудааст, вале демаркатсия нашудааст. Барои демаркатсия намудани сарҳад бояд он аз минаҳо пок карда шавад. Аммо ин масъала то ҳоло ҳалли мусбати худро наёфтааст.

Радиои Озодӣ: Ин ки Маркази минрӯбӣ боз даҳ соли дигар фаъолиятҳои худро идома хоҳад дод, маълум аст. Аммо маълум нест, ки бо чӣ маблағе ин фаъолиятҳо идома хоҳанд ёфт: бо кӯмаки давлатӣ ё созмонҳои байнулмилалӣ?

Парвиз Мавлонқулов: Мо дар назар дорем, ки дар даҳ соли оянда низ барнома асосан аз сӯи донорҳо дастгирӣ мешаванд. Мумкин аст, дар оянда давлат низ аз ҷиҳати молӣ ба мо кӯмак кунад. То ин вақт низ давлат кӯмак кардааст, вале он кӯмакои фаннӣ буданд. Агар мо ин кӯмакҳоро ба маблағ гардонем, тақрибан 500 - 550 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, Маркази минрӯбии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир барои поккории минаҳо дар кишвар бо чӣ мушкиле рӯ ба рӯст?

Парвиз Мавлонқулов: Аслан поккории минаҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мушкилтар мешавад. Ин вобастагӣ дорад ба релйефи замин, пастиву баландӣ, ки барои поксозӣ барои минаҷӯён мушкил эҷод мекунад. Ва инчунин дархост кардем, ки донорҳо барои мо як мошини поксозии механикӣ диҳанд. Қарор аст, дар моҳи январи соли 2010 ин мошин ба мо аз ҷониби Амрико дастрас шавад. Ин кори моро то ҳадде осон мекунад. Вале ба ҳар ҳол, мушкилҳо дар бахши амалиёт боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG