Пайвандҳои дастрасӣ

Намоишноми «Офати нафс», ки бештар ба унвони «Хари сӯфӣ» низ маъруф аст, барои бори панҷоҳум дар саҳнаи театри Лоҳутӣ ба намоиш омад.

«Хари сӯфӣ» нахустин таҷрибаи жанри гротеск ё иғроқ дар театри тоҷик ва он ҳам бар пояи «Маснавӣ» Мавлавии Балхӣ таҳия шудааст. Намоишномаи мазкур зарфи як соли рӯи саҳна омаданаш ҳам ба истқиқболи бинанда рӯбарӯ будааст ва ҳам ба гоҳе ба нақди театршиносон.

Ин намоишнома бо хар гаштани як сӯфии тақлидкор анҷом мешавад. «Хари сӯфӣ» омезиши воқеъияти имрӯзи ҷомеъа бо назариёти Мавлавист. Сӯфии ин намоиш, ки аз моли дунё фақат як хар дорад, дар меҳмонсарое ба доми фиреби ҷамъе тамаъҷӯй меуфтад, ки харашро гуруснаву мариз ва бар ивази табобати хараш ӯро қарздор мекунанд. Сӯфӣ, ки моле дигар ҷуз хар надошт, харашро дар қарзи табобат ва бар ивази қарзу айшу ишрати худ, ба савдо мезанад. Аммо аз он ки дилбастаи хар буд, вақте ба ҳуш меояд, ки хараш ба савдо рафтааст ва сӯфӣ дар ишқи хар мисли он ҳангос мезанд ё хар мешавад.

Нуриддини Ҷарронӣ, коргардони ин намоишнома мегӯяд, суоле, ки бештар аз ҳама бинандаи ин намоиш медиҳад он аст, ки чаро сӯфиро хар кардааст. Оғои Ҷарронӣ бо мисраъе аз Бедил посух медиҳад, ки «Одамӣ гар лаҳзае ғофил шавад, хар мешавад».

Аввалин бор Мавлоноро коргардони саршинос Фаррухи Қосим ба саҳнаи театри тоҷик овард. Ин дар ҳудуди бист соли пеш ва жанри хеле ҷиддӣ ва мутобиқ ба рӯҳи замони эҳёгарии миллӣ дар он давраи Тоҷикистон буд. Аммо акнун барои аввалин бор Мавлоно дар саҳнаи театри тоҷик дар ҷомаи дигар зоҳир мешавад. Ва он ҳам мояи баҳси мунаққидон аст, чун Мавлавӣ дар зеҳни мардум як шахсияти барҷастаи ирфонӣ таҷассум дорад.

Вобаста

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG