Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс гуфтааст, кишвараш куҷо будани раҳбари ал-Қоида Усома бин Лодинро намедонад ва тайи чандин сол боз дар бораи макони будубошаш ягон маълумоти қобили эътимод ба даст наовардааст.

Зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Эй Би Си Гейтс иқрор намуд, ки Амрико дар ҳақиқат макони пинҳоншудани Усома бин Лодинро намедонад ва агар чунин маълумот дар ихтиёраш мебуд ,вайро боздошт мекарданд.

Дар посух ба саволе, ки кай истихбороти амрикоӣ охирин бор дар бораи куҷо будани раҳбари ал-Қоида ягон иттилои қобили эътимод дар ихтиёр дошт, вазири дифоъ гуфт, чандин сол қабл. Ҳангоме, ки аз Гейтс савол карданд, ки оё ӯ метавонад хабарҳоро дар бораи он ки соли ҷорӣ бин Лодинро дар Афғонистон дидаанд, тасдиқ кунад, вай посухи рад дод.

Дар аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ хабаргузории Би Би Си гуфтаҳои як боздоштшудаи толибро дар Покистон овардааст, ки иддаъо дорад, ки моҳи январ ё феврал вай бо як шахси боваринок вохӯрда буд ,ки бин Лодинро 15 ё 20 рӯз қаблаш дар Афғонистон дидааст.

Бин Лодин тарҳрези аслии ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико маҳсуб мешавад. Дар натиҷаи он ҳамлаҳо дастикам 3000 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳадс зада мешавад, ки вай дар минтақаҳои қабиланишини Покистон наздик ба марзи Афғонистон паноҳ бурдааст.

Аммо толиби боздоштшуда гуфтааст, ба сабаби он ки қаламрави Покистон мавриди ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор мегирад ва барои ифротгароён хатарнок шудааст, онҳо аз Покистон рафтаанд. Ин бозздоштшуда иддао дошт, ки бин Лодин сиҳату саломат аст. Тӯли чандин сол овозаҳо паҳн мешуданд, ки саломатии вай хеле бад аст.

Иттилоъи ин толибро намешавад таҳқиқ намуд ва тавре Би Би Си хабар медиҳад, бозҷӯи покистонӣ ба ҳамаи гуфтаҳои вай гӯш мекард. Ҳамин тавр Покистон мегӯяд, бин Лодин дар қаламраваш нест. Ҳафтаи ҷорӣ дар Лондон нахуствазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ гуфт, Амрико дар бораи куҷо будани бин Лодин ба Исломобод ягон маълумоти қобили эътимод пешкаш накардааст ва таъкид дошт, ки неруҳои амниятии Покистон дар мубориза алйҳи терроризм дар дохили кишвар “хеле муваффақ” буданд.

Изҳоротҳои Роберт Гейтс ба думболи он садо дод, ки раисҷумҳури Амрико Барак Обама дар бораи тасмими фиристодани боз 30 ҳазор афсару сарбозӣ иловагӣ ба Афғонистон эълом намуд. Обама хотиррасон кард, ки Амрико дар он ҷо танҳо ҳамчун вокуниш ба ҳамлаҳои 11-уми сентябр меҷангад ва тасмим дар бораи оғози ҷангро танҳо баъд аз он гирифтааст, ки толибон пешниҳоди таслими Усома бин Лодинро рад карда буданд. Обама гуфт, раҳбарони ал-Қоида солҳои 2001 ва 2002 ба Покистон фирор карда, тавонистанд дар минтақаҳои наздик ба марзи Афғонистон барои худ паноҳгоҳе ташкил диҳанд.

Тибқи гузориши кумитаи Конгрес дар умури муносибатҳои хориҷӣ, ки ба тозагӣ нашр шуд, дар охирҳои соли 2001 бин Лодин қариб ба дасти низомиён мехӯрд ва аммо он замон даъватҳо барои фиристодани неруи бештарро рад карданд ва раҳбарони ал-Қоида аз ин фурсат истифода бурд, бидуни осеб дар минтақаҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG