Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзи донишҷӯ" ва ҳушдори ҳукумати Эрон


Нерӯҳои мухолифини Эрон аз тарафдоронашон хостаанд, ба маҳалли як раҳпаймоии расмӣ дар шаҳри Теҳрон гирди ҳам оянд.

Имрӯз дар Эрон “Рӯзи донишҷӯ” эълом шудааст ва дар он аз қатли се донишҷӯе ёдоварӣ мекунанд, ки соли 1953 дар замони ҳукмрони шоҳи Эрон сурат гирифта буд. Пулис ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳушдор додаанд, ҳар гуна раҳпаймоии ғайриқонуниро башиддат саркӯб хоҳанд кард.

Эрон матбуоти хориҷиро аз гузориш додан дар рӯзи доншҷӯ манъ кардааст. Муҷаввизи хабарнигории ҳамаи хабарнигорони хориҷӣ барои рӯзҳои гирдиҳамоиҳои эҳтимолӣ лағв шудааст.

Мирҳусайни Мӯсавӣ, раҳбари мухолифини Эрон, гуфт, ҳаракати ислоҳҳотхоҳон дар Эрон бо вуҷуди фишори низоми исломӣ, фаъол аст, ки ин низом донишҷӯёнро зери фишор қарор додааст.

XS
SM
MD
LG