Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Амрико аз вакилони мардумии Ироқ


Ҳукумати Амрико ба вакилони мардумии Ироқ ба хотири тасвиби Қонуни интихобот ситоиш кардааст, ки қонуни мазкур, роҳро барои баргузории интихобот дар соли оянда боз мекунад. Баъди як ҷаласаи тӯлонӣ, порлумони Ироқ қонуни интихоботро пазируфт, дар он ҳиссаи курсиҳо барои гурӯҳҳои сиёсӣ таъйин шудааст. Тариқ ал- Ҳошимӣ - муовини раиси ҷумҳури Ироқ гуфт, ки созиши мазкурро пазируфтааст. Моҳи ноябр Тариқ ал-Ҳошимӣ қонуни мазкурро вето гузошт, зеро ба гуфтаи вай ин қонун дар порлумон барои ироқиёни хориҷи кишвар, ки аксаран мисли ӯ суннимазҳабанд, курсиҳои кофӣ ихтисос надодааст. Бар асоси созиши ҳосилшуда, теъдоди курсиҳои порлумонро аз 275 то 325 адад афзуда ва ба суннимазҳабон ва курдҳои Ироқ ҳиссаи бештар медиҳанд.
XS
SM
MD
LG