Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши азими тағйири иқлим ифтитоҳ меёбад


Ҳамоише, ки бузургтарин ҳамоиш доир ба тағйири иқлим дар таърих унвон шудааст, имрӯз дар шаҳри Копенҳаген оғоз меёбад. Намояндагони 190 кишвар, аз ҷумла раҳбарони 105 кишвар бо умеди имзои аҳдномаи нави байналмилалӣ дар марҳилаҳои хотимавии ҳамоиш ҳузур хоҳанд ёфт. Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милал аз натиҷаҳои конфронс хушбин буда ва умедвор аст, аҳдномаи зарурӣ аз ин нишаст ҳосил хоҳад шуд. Созмони Милал мегӯяд, ҷаҳониён бояд ба хотири коҳиши олудагии ҳаво аз ихроҷи гази карбон аҳдномаи нави сахтгиронаеро қабул кунанд. Ба гуфтаи донишмандон, ихроҷи газҳо аз сӯзишвориҳои нафтӣ ва ҷангалбуриҳои зиёд боиси гармоиши босуръати курраи Замин шудааст. Ҳафтаҳои гузашта, Чину Ҳиндустон, Индонезия ва чандин кишвари дигар ваъда доданд, ки ба ҳадди мушаххасе партоби газҳои гулхонаиро кам мекунанд.
XS
SM
MD
LG