Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳ барои баргузории интихоботи Ироқ боз шуд


Вакилони ироқӣ бо тасвиби тарҳи ислоҳшудаи Қонуни интихобот, роҳро барои баргузории интихоботӣ порлумонӣ дар соли оянда боз карданд. Аёд Ал-Самморай – сухангӯи порлумони Ироқ эълом кард, ки Шӯрои Намояндагон қонуни мазкурро пазируфтааст, аммо нагуфт, ки чанд нафар раъйи мухолиф ва ё раъйи мувофиқ додаанд. Зоҳиран намояндагони ҷиноҳҳои сиёсии порлумони Ироқ, барои рафъи мухолифати Тариқ Ал-Ҳошимӣ, ки қонуни интихоботи Ироқро вето гузошт, ба гузашт розӣ шудаанд. Тариқ Ал-Ҳошимӣ бо зикри пешбинӣ нашудани курсиҳои кофӣ дар порлумон барои ироқиёни хориҷ аз кишвар, қонуни интихоботро вето гузошта буд.
XS
SM
MD
LG