Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Ҳиндустон дар Русия


Маҳмоҳан Сингҳ – нахуствазири Ҳинд, имрӯз бо раҳбарони Русия, аз ҷумла Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳур ва Владимир Путин нахуствазири он кишвар, дидору мулоқот мекунад. Рӯзи якшанбе баъд аз мулоқоти ғайрирасмӣ бо Дмитрий Медведев, Маҳмоҳан Сингҳ муносиботи байни ду кишварро ситоиш кард ва ба Дмитрий Медведев барои мулоқоташ дар "рӯзи таътил" ташаккур гуфт, ки дар он рӯз бар асари сӯхтор дар шаҳри Перм бештар аз 100 нафар ҳалок шуданд. Ҳадаф аз боздиди дурӯзаи Маҳмоҳан Сингҳ аз Русия, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва ниҳоӣ кардани як қарордод дар мавриди тавсиъаи ҳамкориҳо дар арсаи энержии атомӣ будааст.
XS
SM
MD
LG