Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мотами миллӣ дар Русия


Дар Русия имрӯз ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни сӯхтор дар шаҳри Перм мотами миллӣ эълом шудааст. Бар асари сӯхтори шаби шанбе дар як тарабхонаи ин шаҳр, бештар аз 100 нафар ҳалок ва теъдоди бештаре ҳам маҷрӯҳ шуданд. Иллати сӯхтор, риоят нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оташбозӣ дар дохили тарабхона будааст. Мақомоти интизомии Русия алайҳи соҳибони тарабхона ва масъули оташбозӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бино ба хабарҳо, тарабхонаи мазкур пештар барои риоят накардани қоидаҳои бехатарии оташнишонӣ ҷарима шудааст.
XS
SM
MD
LG