Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса хоҳони таҳримоти сахт алайҳи Эрон шуд


Ҳукумати Фаронса даъват кард, то алайҳи Эрон барои барномаҳои атомиаш таҳримоти сахттаре эъмол шавад. Пйер Лелош – вазири умури Аврупо, гуфт, “фурсати он расидааст, то таҳримоти шадидтаре алайҳи Эрон пайдо кунем”, вале ин суханашро шарҳ надод. Айни замон, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ - раҳбари олии Эрон, рӯзи якшанбе гуфт, Амрико ва Бритониё Эронро дар инзиво қарор дода наметавонанд. Вай дигарбора гуфт, ки Эрон ҳамчунон дар пайи дастёбӣ ба фанновариҳои сулҳомези атомӣ хоҳад буд. Пештар аз ин дар рӯзи шанбе, Алӣ Акбар Солеҳӣ - мудири Созмони Энержии Атомии Эрон гуфт, кишвараш барои тавлиди 20 ҳазор мегават нерӯи барқ, ба 20 корхонаи ғанисозии ураниум ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG