Пайвандҳои дастрасӣ

Конфронси тағйироти иқлими Копенҳаген қарор аст рӯзи 6-уми декабр шурӯъ шуда, 12 рӯз давом кунад. Ин нишаст умедвориҳоеро барои таъйини стратегияи ҷилавгирӣ аз ҳарорати харобиовари баландшавандаи сайёра дар даҳсолаҳои минбаъда ба миён овардааст.

Ин конфронси ҷаҳонӣ бояд стратегияи воҳиди ҷилавгирӣ аз хатарҳои минбаъдаро дар сайёра мушаххас кунад. Тавре илми муҳитзистӣ мегӯяд, бо гузашти ҳар даҳ сол хатари пеш омадани тағйироти ҷиддии табиӣ дар сайёра боз ҳам бештар афзоиш меёбад. Бар тибқи ҳисобҳои СММ, дар сурати ба меъёри имрӯза идома кардани хориҷшавии гази карбон, ки худ аллакай ду баробар бештар назар ба даврони пеш аз рушди саноат дар ҷаҳон будааст, дар қарни 21 ҳарорати миёнаи ҳаво дар сайёра тақрибан се дараҷа Селсия баландтар хоҳад шуд. Натиҷаи ин бебандубориҳои бештари ҳавову иқлим, ба мисли тундбодҳову обхезиҳо ва хушксолиҳо шуда метавонад. Дар айни замон, сатҳи оби баҳр баландтар шуда, манотиқи наздиcоҳилҳову шаҳрҳоро бо хатари обхезиҳо дучор хоҳад кард. Ба хотири ҷилавгирӣ аз ингуна як дурнамои нохушоянде раҳбарони ҷаҳон дар Копенҳаген барои баррасии ҳадафҳои мушаххас гирди ҳам меоянд. Онҳо мехоҳанд тадбирҳоеро биандешанд, ки нагузоранд ҳарорати ҳаво бештар аз ду дараҷа Селсия гармтар шавад.

Вале масъала ин аст, ки бо вуҷуди дарки ҳамаҷонибаи хатари партобҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳаво, аммо на ҳама давлатҳо барои ҳалли амалии масъала изҳори омодагӣ мекунанд. Яке аз чолишҳои хеле ҷиддии нишасти Копенҳаген ин аст, ки давлатҳои рушдкарда ба мисли ИМА ва тавсеаёбандаи мисли Чинро мутақоид созад, ки коҳиши партобҳои гази карбонро ба атмосфера дар давоми даҳ соли оянда ваъда бидиҳанд. ИМА ва Чин он кишварҳое ҳастанд, ки аз мавқеи онҳо дар ин конфронс аз наздик мушоҳида хоҳанд кард, чунки на Вашингтон ва на Пекин то ҳол санади муҳими аз ин пеш иизошуда – Протоколи Киоторо, ки мӯҳлаташ соли 2012 ба охир мерасад, имзо накардаанд. Ва аз ҳамин ҷиҳат, ин ду давлати ҷаҳон чун калонтарин олудакунандаҳои муҳити зист ва хориҷкунандаҳои нисфи диоксиди карбони ҷаҳон маҳсуб мешаванд.

Вале ҷиҳати умедворкунандаи масъала дар ин аст, ки ҳам Пекин ва ҳам Вашингтон гуфтаанд, ки ният доранд дар заминаи коҳиши мизони беруншавии газҳои гулхонаӣ ихтиёран изҳорот ва ӯҳдадориҳояшонро эълон кунанд. Дар ваъдаҳои ИМА, масалан, гуфта мешавад, ки дар муқоиса бо вазъи соли 2005 то соли 2020 коҳиши газҳои гулхонаӣ дар ин кишвар 17 дар садро ташкил хоҳад дод. Вале тарҳи ин қонун ҳамоно дар сенат дармонда эҳтимол аст, ки дар фурсати наздик ба имзо расад. Маҳз ҳамин чиз боиси ба миён омадани суолу пурсишҳои зиёд дар робита бо мавқеи ИМА дар нишасти Копенҳаген хоҳад шуд.

Чин дар навбати худ ваъда додааст, ки то соли 2020 дар ҳаҷми махсусан зиёд – яъне дар ҳудуди 40-45 дар сад дар муқоиса бо соли 2005 хуруҷи гази карбонро ба атмосфера коҳиш медиҳад. Аммо дар нисбати ӯҳдадориҳои Чин як тардиде вуҷуд дорад, ки мегӯяд, ҳисобҳои Пекин аз рӯи кадом як формулаи номуйяни хуруҷи гази карбон бар сари як воҳиди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ карда шудааст, ки амалан дар оянда идомаёбии беруншавии қобили мулоҳизаи ин газро фароҳам меорад.

Масъалаи муҳими дигаре, ки бояд дар ин нишаст ҳалли худро ёбад, ин изҳори омодагии давлатҳои рушдкарда дар масъалаи маблағгузории иқтисодҳои дар ҳоли рушд барои гузаштан ба фанновариҳои экологӣ мебошад. Иттиҳоди Аврупо ҳисоб кардааст, ки барои дастёбӣ ба пешрафти қобили мулоҳиза дар ин масъала давлатҳои тавсеаёфта то соли 2020 ҳудудан 150 ҳазор доллар ихтисос хоҳанд дод. Ин миқдор маблағ метавонад нақши созандаву ҳалкунандаро барои коҳиши шиддати масъала бозӣ кунад, ба вижа барои давлатҳое, ки ҳанӯз ҳам аз пайомадҳои бӯҳрони иқтисодӣ ба худ наомадаанд.

Дар нишасти Копенҳаген, ки маъмулан дар саҳти вазирони муҳити зист баргузор мешавад, қарор аст 65 раҳбари давлат иштирок кунанд. Раисҷумҳури Амрико Барак Обама на дар оғоз, балки дар бахши хотимавии конфронс ҳозир хоҳад шуд. Кохи Сафед бо пахши изҳороте дар ин замина гуфт, Обама мехоҳад ин фурсати бисёр “ташвиқкунанда”-ро барои омодагии беҳтар ба нишаст истифода кунад. Аксар раҳбарони давлатҳо, ба мисли президентҳои Австралия, Бразилия ва Эфиопия, ки нияти ширкат дар нишасти Копенҳагенро кардаанд, ҳамчунин дар ду рӯзи охири ин нишаст ширкат мекунанд. Дар канори онҳо садҳо намояндаҳои созмонҳои ҷамъиятиву фаъолони экологӣ ва расонаҳои хабарӣ ҳам ҳозир хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG