Пайвандҳои дастрасӣ

"Иттилои дурусте дар бораи Бин Лоден нест"


Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дар давоми солҳо иттилои дурусте роҷеъ ба маҳалли буду боши Усома Бин Лоден надоштааст. Изҳороти мазкур дар ҷараёни як мусоҳибаи телевизионии оқои Гейтс садо дод, ки қарор аст шоми имрӯз дар Амрико ба намоиш гузошта шавад. Дар суоли ин ки оё вай хабарҳои ахир дар бораи дар Афғонистон ба чашм хӯрдани Бин Ладенро тасдиқ карда метавонад ё на, Гейтс посухи рад дод. Баъзе хабарҳое, ки ҳафтаи ҷорӣ пахш шуд, ба эҳтимоли дубора аз худ дарак додани Бин Лоден дар мазҳари ом ишора мекард. То ҳол бовар меравад, ки раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида дар марзи Покистон бо Афғонистон панаҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG