Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши таъсири бӯҳрони иқтисодӣ дар Алмаато


Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон рӯзҳои душанбе ва сешанбе масъалаи таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсатҳои зиддибӯҳронии кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Русия баррасӣ мешавад. Ташаббускори нишаст СММ буда ин ҳамоишро бо пуштибонии ҳукумати Қазоқистон дар сатҳи вазоратхонаҳои моливу ҳифзи иҷтимоии ин кишварҳо доир мекунад. Қарор аст тӯли ду рӯз дар ин ҳамоиш таҷрибаи 13 давлати минтақа, ба шумули Тоҷикистон ва сохторҳои байналмилалии молиявиву созмонҳои имдодрасон дар масъалаи муқобила бо бӯҳрон баррасӣ шавад. Баррасии стратегияи дарозмуддати барқарории вазъи иқтисодии минтақа ва коҳиши таҳсири бӯҳрон ба вазъи иҷтимоӣ дар оянда аз ҳадафҳои дигари ин ҳамоиш мебошад. Дар ин нишаст суханронии нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов ва ёвари дабири кулли СММ Корӣ Удовички дар назар аст. Ҳайати Тоҷикистонро, ки аз чаҳор нафар иборат аст, муовинони вазирони меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Эмин Сангинов, кишоварзӣ - Юсуф Султоноёбов, раиси шӯъбаи молии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Дилмурод Давлатов ва раҳбари намояндагии дафтари рушди СММ дар Тоҷикистон Майкл Ҷонс намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG