Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Руминия


Дар Руминия дар фазои бисёр пуррақобат даври дуюм ва ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ҷараён дорад. Сокинони он бояд аз ду номзад якеро интихоб кунанд: раиси ҷумҳурии амалкунанд Траян Басескуи ростгаро, ки даъвои раҳбарии кишварро барои мӯҳлати дуюми панҷсола дорад ва ё рақиби ӯ - вазири пешини умури хориҷа Мирча Ҷоану, ки аз ҷабҳаи чапгароҳо намояндагӣ карда раҳбарии сенатро ҳам ба ӯҳда дорад. Ҳарду номзад ваъда додаанд, ки кишварро аз вартаи бӯҳрони иқтисодиву сиёсӣ раҳо карда фасодро решакан ва эътимодро ба ҳукумат дубора барқарор хоҳанд кард. Дар интихоботе, ки соати 8 шом ба вақти маҳаллӣ ба анҷом мерасад, 18 ҳазор шаҳрванди қобили раъй ширкат карда метавонанд.
XS
SM
MD
LG