Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти панҶ масъули сӯхтори Перм


Дар шаҳри Перм панҷ нафар баъди сӯхтори фоҷеаборе дар тафреҳгоҳи шабонае, ки мунҷар ба ҳалокати 110 нафар гардид, боздошт шуданд. Ҳамоно даҳҳо нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаҳои маҳаллӣ мавриди муроқибати табибон қарор гирифтаанд. Бар тибқи хулосаҳои пешакӣ, сӯхтор бар асари фейерверке дар дохили ин сохтмон сар задааст. Шоҳин Қурбонов, муовини раиси шӯъбаи таҳқиқоти додситони минтақаи Перм зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар беруни сохтмони мурдахонаи маҳаллӣ гуфт:

“То имрӯз шумори қурбониҳои сӯхтор дар тарабхонаи “Хромая лошад” ба 110 нафар баробар шудааст. Аз миёни онҳо 105 ҷасад шиносоӣ шудааст. Сабаби аслии ҳалокати онҳо заҳролудшавӣ аст, соддатар гӯем, одамон бар асари дуд заҳролуд шуда ҷони худро аз даст додаанд”.

Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев, ки масъулияти ин ҳодисаро ба дӯши муассисони ин тарабхонаи шабона вогузор кард, гуфт, онҳо на “ақл ва на виҷдон” доранд ва ба муҷозоти шадиди масъулин даъват кард. Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ мегӯянд, ки раҳбарони клуби шабона чандин бор барои риоя нашудани меъёрҳои бехатарӣ ва ҷилавгирикунанда аз сӯхтор ҳушдор дода шудаанд. Боздоштшудаҳо муассисону раҳбарони ин тафреҳгоҳ мебошанд. Фардо, душанбе дар саросари Русия рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG