Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Эрон ба 20 коргоҳи ғанисозии ураниум ниёз дорад"


Алиакбари Солеҳӣ, раиси созмони атомии Эрон гуфт, ки кишвари вай барои тавлиди кофии ураниуми ғанишуда ба 20 коргоҳ ниёз хоҳад дошт. Хабаргузории расмии ИРНО дар нақли қавл аз Солеҳӣ мегӯяд, ки Эрон нияти берун шудан аз созишномаи адами тавсеаи силоҳи ҳастаиро надорад. Изҳороти мазкур дар посух ба интиқоди моҳи гузаштаи Оҷонси энержии атомии вобаста ба СММ садо дод, ки Эронро барои пинҳон доштани бунёди дуюм корхонаи ғанисозии ураниум дар наздикии шаҳри Қум сарзаниш карда буд. Ин оҷонс, ки дар ҳамовозӣ бо Шӯрои амнияти СММ аз Эрон мутаваққифшавии ҳама фаъолиятҳои марбут ба ғанисозии ураниумро талаб дорад, нигарон аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ метавонад дар фикри бунёди силоҳи атомӣ бошад.
XS
SM
MD
LG